«БОХТАР-АЗ БОСТОН ТО БӮСТОН». «Тоҷикфилм» зарурияти табдили номи Қӯрғонтеппа ба Бохтарро шарҳ медиҳад
ДУШАНБЕ, 14.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати МД «Тоҷикфилм» дар вилояти Хатлон бо мақсади эҳё, ҳифз ва гиромидошти таърих, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ филми таърихии «Бохтар — аз бостон то бӯстон»-ро дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури тамошобинон мегардонад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуданд, ки ҳадафи асосии банаворгирии ин филм, пеш аз ҳама, ба таърихи пурғановати халқи тоҷик ошно кардани тамошобинон мебошад.
«Сарчашмаҳои худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст. То хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, ҷомеа аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонанд. Маҳз ин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли эҷодро ба офаридани ин филм водор намуд»,-мегӯяд манбаъ.
Зикр шуд, ки филмофарон дар он таърихи Бохтари қадима ва ба чӣ хотир Бохтар номгузорӣ шудани Қӯрғонтеппаро шарҳ додаанд. Инчунин омилҳои таърихӣ, нақши бохтариён дар таърих, ҳиссаи онҳо дар пайдоиши тамаддуни башарият нишон дода шуда, қисса мешавад, ки дар гузашта вилояти Хатлон низ ба ҳайати давлати Бохтари қадим шомил будааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






