Бонки миллии Тоҷикистон ба «Юнистрим», «Золотая корона» ва «Сontact» иҷозати фаъолияти сесола дод

Август 31, 2018 15:15

ДУШАНБЕ, 31.08.2018. /АМИТ «Ховар»/.   Се оператори низоми пардохтии бонкӣ барои фаъолияти сесола аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома ба даст оварданд. Иҷозатномаҳои мазкур бо қарори  Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 30 августи соли равон ба Ҷамъияти саҳҳомии бонки тиҷоратии «Юнистрим», Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии «Платежный Центр» ва Ҷамъияти саҳҳомии «Киви Бонк» дода шуд. 

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ хабар доданд, идораи низоми пардохтҳо  вазифадор  гардид, ки  дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.

Бояд гуфт, ки феълан низоми пардохтии байналмилалии интиқоли маблағҳои «Юнистрим» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии интиқоли маблағҳоро тавассути 13 ташкилоти қарзии ватанӣ пешниҳод менамояд.

Низоми пардохтии «Золотая корона» бошад  ба феҳрасти низомҳои пардохтии дорои аҳамияти иҷтимоидоштаи Россия ва Қазоқистон дохил карда шуда, тавассути зиёда аз 550 бонк ва ширкатҳои Россия, кишварҳои ИДМ ва дигар давлатҳои хориҷӣ хизматрасонӣ менамояд.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ТҚҒҲ «Платежный Центр» хизматрасонии интиқоли маблағҳоро дар асоси шартнома бо 25 ташкилоти қарзии ватанӣ пешниҳод намуда, дар бозори хизматрасонии интиқоли маблағҳо мавқеи аввалро ишғол менамояд.

Инчунин низоми пардохтии «Contact» дар баробари хизматрасонии интиқоли маблағҳои пулӣ бе кушодани суратҳисобҳо имконият медиҳад, ки маблағҳои пулиро инчунин ба суратҳисобҳо, кортҳои пардохтии бонкии низомҳои пардохтии байналмилалии VISA, Masterсard, Мир, UnionPay, American Express, Diners Club International, низомҳои пардохтии миллии давлатҳои хориҷи наздик интиқол намоянд. Низоми пардохтии «Contact» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии интиқоли маблағҳоро тавассути 19 ташкилоти қарзии ватанӣ пешниҳод менамояд.

Август 31, 2018 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст