БОЗИҲОИ ОСИЁ-2018: ҳайати дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол муайян шуд
ДУШАНБЕ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол ҷиҳати ширкат дар Бозиҳои осиёии Индонезия – 2018 муайян шуд. Ба ҳайат 3 дарвозабон, 6 дифоъгар, 6 ниммуҳофизатгар ва 3 ҳамлагар шомил мебошанд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дидори аввали хешро бо дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ 17 август доир менамояд. Дар дидори дуюмаш дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон 20 август бо дастаи мунтахаби Ҷумҳурии мардумии Чин рақобат мекунад. Бозии охиринро дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон 22 август бо дастаи мунтахаби бонувони Ҳонг – Конг анҷом медиҳад.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






