БОЗИҲОИ ОСИЁ-2018: дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар онҳо ширкат меварзад

Август 6, 2018 09:01

ДУШАНБЕ, 06.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар ҳайати 8 нафар (7 мард, 1 зан) дар Бозиҳои Осиё — 2018, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, ширкат менамояд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ  доданд, мусобиқа оид ба дзюдо  29-31 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон ва 7 категорияи вазнӣ миёни занон баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 7 вазн миёни мардон ва 1 вазн миёни бонувон ширкат меварзанд.

Дар  ин  мусобиқа варзишгарон  Суҳроб Боқиев дар вазни 60 кг, Ёқубҷон Боқиев дар вазни 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 73кг, Акмал Муродов дар  вазни 81 кг,  Комроншоҳ Устопириён  дар  вазни 90  кг, Саидҷалол Саидов дар вазни 100 кг, Шакармамад Мирмамадов дар  вазни +100 кг  ва Шоҳида Қаландарова дар вазни 57 кг қувваозмоӣ менамоянд.

Варзишгарони  тоҷикро  дар мусобиқаи мазкур   мураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳамроҳӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар намуди дзюдо 3 медали биринҷӣ дорад. 2 медалро паҳлавони шинохта Расул Боқиев (вазни 73 кг, Доҳа-2006, Гуанжоу-2010) ва  як медали дигарро Хайрулло Назриев (вазни  86 кг, Ҳирошима-1994) ба даст овардаанд.

Август 6, 2018 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад