БОЗИҲОИ ОСИЁ-2018: Тоҷикистон дар намуди варзиши ушу низ иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 17.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар 18-ум Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, дар намуди ушу як нафар варзишгари ҷавони тоҷик Мирзодалерхон Хуршедзода иштирок мекунад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқа оид ба ушу 19-23 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 8 қувваозмоӣ миёни мардон ва 6 қувваозмоӣ миёни бонувон баргузор мешавад.
Варзишгари тоҷик Мирзодалерхон Хуршедзода дар вазни 70 кг миёни мардон ширкат меварзад.
Ҳамин тариқ, шумораи варзишгарони Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои Осиё иштирок мекунанд, ба 81 нафар расид. Онҳо аз рӯи 16 намуди варзиш барои ба даст овардани медалҳои бозиҳо талош мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






