Бозиҳои Осиё – 2018: варзишгарони тоҷик дар намуди ҷиу-ҷитсу ва вазнбардорӣ қувваозмоӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 08.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу (3 нафар) ва вазнбардорӣ (1 нафар) дар 18-умин Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, иштирок менамояд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқа оид ба ҷиу-ҷитсу 24-26 август ва вазнбардорӣ 20-27 август дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешаванд. Варзишгарон дар намуди ҷиу-ҷитсу аз рӯи 6 вазн миёни мардон, 2 вазн миёни бонувон дар равияи «Ню Ваза» миёни ҳам рақобат мекунанд. Варзишгарони тоҷик дар 3 вазн миёни мардон иштирок менамоянд. Дар намуди вазнбардорӣ бошад, рақобатҳо аз рӯи 8 категорияи вазнӣ миёни мардон ва 7 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат мегирад.
Дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик Шоимард Абдулназаров дар вазни 62 кг, Абдуманон Раҳимов дар вазни 77 кг, Абдуғафур Абдуллоев дар вазни 85 кг ва Илҳомҷон Шукуров дар вазни 77 кг қувваозмоӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷикро дар мусобиқаи мазкур мураббӣ Алиҷон Давлатов ҳамроҳӣ мекунад.
Бояд зикр кард, ки намуди ҷиу-ҷитсу мисли гӯштини кураш ва самбо бори аввал ба барномаи Бозиҳои Осиё ворид карда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






