БОЗИҲОИ ОСИЁ: Дар шаҳри Ҷакарта Парчами Тоҷикистон парафшон шуд

Август 16, 2018 16:17

ДУШАНБЕ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми  имрӯз   дар шаҳраки олимпии шаҳри Ҷакарта – мизбони 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё — маросими парчамбардории дастаи мунтахаби Тоҷикистон баргузор шуд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ  доданд, дар чорабинӣ  директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эркин Латипов, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода, раиси шаҳраки олимпии Ҷакарта Три Ананта Андреаван ва варзишгарони тоҷик иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати беш аз 100 нафар, аз ҷумла 81 варзишгар аз рӯи 16 намуди варзиш: футболи бонувон, варзиши сабук, шиноварӣ, гӯштин, таэквондо, каратэ, дзюдо, кураш, самбо, ҷиу-ҷитсу, вазнбардорӣ, камонварӣ, тирандозӣ, бокс, қайиқронӣ ва ушу иштирок мекунад. То имрӯз дастаи футболи бонувон, варзишгарон аз намудҳои таэквондо, гӯштин, вазнбардорӣ ва тирандозӣ ба маҳали бозиҳо расиданд.

Август 16, 2018 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд