БУНЁДИ 15 ИНШООТ ДАР ВАНҶ: Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҷараёни корҳои сохтмонию ободонӣ дар ин ноҳия аз наздик шинос гардид

Август 3, 2018 10:34

ДУШАНБЕ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 22 майи соли 2018 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.  

Тибқи он аз ҳисоби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо ва  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, корҳои ободонӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ дар саросари мамлакат бомаром идома доранд.

Роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода таъйин гардидааст.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз рафти корҳои ободонию созандагии ин ноҳияи кӯҳистон аз наздик дидан кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Имрӯзҳо бо дастур ва ҳидоятҳои Сардори давлат дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Ванҷ корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ дар ҳамаи самтҳо идома дошта, дар арафаи таҷлили  ин саннаи тақдирсоз 15 иншооти хурду  бузург мавриди истифодаи сокинон қарор хоҳанд гирифт.

Тавре Раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбӣ Раҷабова иброз намуд, маркази ноҳияи Ванҷ тайи 27 соли соҳибистиқлолӣ ба як гӯшаи зебо табдил ёфта, сол то сол бо қомат афрохтани иншооти мухталиф симои ин минтақаи дурдасти мамлакат комилан дигаргун мегардад.

Зикр гардид, ки давоми чанд соли охир дар ноҳияи Ванҷ иншооти таъйиноти гуногун  қомат афрохтаанд, ки баробари зебоӣ зам намудан ба симои ноҳия дар таъмини садҳо нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯзҳо раванди корҳои созандагӣ дар чанд иншооти ҷашнии ҳудуди ноҳия  авҷи тоза касб карда, дар рӯзҳои истиқбол аз истиқлоли меҳан  мавриди истифода қарор мегиранд.

Аз ҷумла, дар маркази ноҳия имрӯзҳо бунёду сохтмони биноҳои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №4, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, Қасри фарҳанг, шуъбаи КДАМ, навсозии роҳҳои марказӣ,  майдонҳои Нишон, Парчами давлатӣ ва муҷассамаи шоҳ И. Сомонӣ бомаром идома дошта, сокинон ҳамзамон ба ободонии атроф ва кабудизоркунӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Бинои наву замонавии мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №4

Сохтмони бинои нави мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №4 ба номи Юсуф Қудрат моҳи августи соли 2016 дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтааст. Бино аз 3 ошёна иборат буда, барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Ба ин мақсад  аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 млн. 971 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо гардидааст.  Айни замон ба маблағи зиёда аз 11 млн. сомонӣ корҳо ба анҷом расиданд.
Пудратчӣ ҶДММ «Ҷовид» буда, ба корҳои сохтмонӣ 86 нафар сохтмончии маҳаллӣ ҷалб шудааст.

Ба нақли масъулин, ин мактаб тӯли чанд соли охир дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва инак маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат даст дод, ки бинои нави мактаб қомат афрозад. Тавре зикр карда шуд, бунёди ин таълимгоҳ ба стандартҳои замони муосир ҷавобгӯ буда, бо системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Таълимгоҳ дорои синфхонаҳои алоҳидаи фаннӣ, озмоишгоҳҳо, китобхонаҳои муосир, толорҳои маҷлисгоҳ, толори барҳавои варзишӣ ва ошхона мебошад. Дар шафати он мувофиқи лоиҳа майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол ва волейбол  сохта шуда, атрофи иншооти мазкур ободу зебо ва кабудизор карда шудааст.

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ

Сохтмони бинои сеошёнаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ моҳи августи соли 2016 оғоз гардида, барои бунёди он зиёда аз 14 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст. Иншооти мазкур бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Бо ҷаҳду талоши сохтмончиён имрӯзҳо корҳои рангуборкунӣ ва пардозгарӣ дар ҳама ошёнаҳои бино дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, корҳои ороишӣ дар дохили ҳуҷраҳои корӣ идома дорад.

Бино дорои ду маҷлисгоҳ, яке барои 44 ҷойи нишаст ва дигаре барои 244 ҷойи нишаст мебошад. Дар маҷмӯъ бино аз 54 утоқи  барҳавои корӣ иборат аст. То имрӯз тибқи лоиҳаи меъморӣ, сохтмончиёни соҳибтаҷриба 95 дарсади корҳои сохтмониро ба анҷом расониданд. Айни ҳол дар корҳои шикасту рехти бинои мазкур 70 нафар коргарон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷалб шуданд, ки бештари онҳоро бошандагони ноҳия ташкил медиҳад. Дар роҳравҳои дохилӣ, хуҷраҳои корӣ ва толори маҷлисгоҳ корҳои ороишӣ бо риояи санъати меъмории миллӣ зебу зиннат ёфтааст.

Қасри фарҳанг

Сохтмони Қасри фарҳанг бо 400 ҷои нишаст соли 2016 оғоз гардида, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ин муассисаи фарҳангӣ дуошёна буда, дар он корҳои сохтмонӣ бо тарҳи ғайриоддӣ, аз рӯи услуби хоси меъмории миллӣ амалӣ шудааст. Бино дорои толори калони консертӣ, айвонҳо, толори тамрин ва ҳуҷраҳои корӣ буда, бо системаи ягонаи гармидиҳӣ мутамарказ аст.

Фармоишгари бинои замонавии Қасри фарҳанги ноҳия Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он бо маблағи 8,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Лоиҳаи биноро ҶСК Пажӯҳишгоҳи илмӣ- лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП» омода намудааст.

Сохтмони ин муаассисаи фарҳангиро ширкатҳои бинокории ҶДМ «Карим-Ка» ва нақшу нигори онро ҶДМ «Кулён» бар уҳда доранд. Дар корҳои сохтмонӣ 70 нафар сохтмончӣ ҷалб шудааст.

Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанг низ ба анҷом расида, меъморон ба ороишӣ дохили утоқҳои кории иморат саргарми коранд. Дар ин кор меъморони соҳибтаҷрибаи вилояти Суғд бо истифода аз таҷибаи бисёрсолаи гаҷкорӣ ва наққошӣ сақфи толори фарҳангиро бо санъати баланди миллӣ ороиш медиҳанд.

Таҷдиду навсозии роҳи марказӣ

Дар доираи татбиқи нақшаи генералии  маркази ноҳия барои азнавсозии роҳи мошингард ва кӯчаву майдонҳои  шаҳраки Рохарв аз ҷониби Ҳукумати кишвар зиёда аз 16 млн. сомонӣ ҷудо гардида,   ҶДММ «Тоҷикроҳсоз» — и шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид.

Тибқи нақша  бинокорон се километр роҳу кӯчаҳоро, ки  қариб сӣ сол боз рӯи таъмирро надида буданд, тахту ҳамвор, васеъ, мумфарш ва чароғон месозанд. Таҷдиду навсозии роҳи маркази ноҳия моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, бо истифода аз техникаи муосири роҳсозӣ 70 фисади корҳо пурра иҷро шудааст. Паҳноиии роҳи марказӣ 8-12 метрро ташкил дода, он аз 4 хати нақлиётгард иборат мебошад. Фармоишгар Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мавриди таҷдид ва азнавсозӣ қарор гирифтани роҳ намуди шаҳракро боз ҳам дилработар гардонидааст. Тоза кардани кӯчаву маҳаллаҳои атрофи марказ аз ҷониби сокинон,  аз алафҳои бегона  тоза ва кабудизору гулзор намудани майдонҳо, рӯбучини гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ, корхонаву ташкилот, сафед кардани танаи дарахтон, сафолакпӯш намудани роҳҳо ва дигар корҳои ободонӣ шаҳодатгари он аст, ки мардум ҷашни миллии меҳанро бо тозакориҳо ва дастовардҳои навин пешвоз гирифтанианд.

Майдони Нишон, Парчам ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ

Корҳои ободониву созандагӣ дар ин минтақаи кӯҳистон бомаром идома дошта, мақомоти иҷроия бо ҷалби маблағҳои буҷетиву соҳибкорону саховатмандон дар шафати роҳи марказӣ майдонҳои Нишон бо баландии 12 метр, Парчами давлатӣ бо баландии 30 метр ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии зиёда аз 10 метр бунёд мегардад. Ба иттилои масъулин,  дар ояндаи наздик дар ин мавзеъҳо фаввораҳои гуногуну нишастгоҳҳои замонавӣ сохта шуда, тамоми ҳудуди майдон чароғон ва сабзу хуррам гардонида мешаванд.

Раиси ноҳия бунёди майдони Парчаму Нишон ва муҷассамаи И. Сомониро дар ноҳия нишонаи эҳтироми сокинони ноҳия ба муқадассоти миллӣ арзёбӣ карда, таъкид кард, ки ҳар як сокини ноҳия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ бояд барои ободии Ватан саҳмгузор бошад.

Ҳамзамон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат баҳри ободонии маҳалли худ мақомоти иҷроия бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ амалҳои нек анҷом дода, бо иқдоми онҳо чандин майдончаҳо барои бозии кӯдакон бунёд ёфта истодааст.

Тавре Раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбӣ Раҷабова изҳор намуд, дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ванҷ 246 иншоот бо маблағи 250 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки дар онҳо садҳо нафар бошандагон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.  Мардуми шарафманди  ноҳия ин ҳама созандагиҳоро аз тавваҷуҳи бевоситаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин сарзамин рабт медиҳанд.

Ба маълумоти номбурда, танҳо дар рӯзҳои таҷлили 27- солагии  Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 15 иншоот ба истифода дода мешавад. Ҳамзамон дар асоси нақшаи чорабинии мақомоти ноҳия  ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 105 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин навишта ба таври мухтассар танҳо доир ба рафти корҳои бунёдкорӣ дар маркази ноҳия ишорат шуд. Метавон гуфт, ки дар маҷмӯъ, дар ҳамаи ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома дошта, сокинон бо рӯҳияи идона ба истиқболи 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд.

Август 3, 2018 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад