Чанд корманди кӯдакистони шаҳри Хуҷанд аз гӯшти гови қурбонӣ ба бемории сӯхтанӣ сироят ёфтанд

Август 29, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 7 нафар кормандони кӯдакистони  шаҳри Хуҷанд   аз  гӯшти гов  ба бемории сӯхтанӣ (сиёҳзахм) сироят ёфта, дар беморхонаи клиникии сироятии ин шаҳр бистарӣ мебошанд. Дар ин бора ба мухбири  АМИТ «Ховар»  сармутахассиси    Раёсати бемориҳои ниҳоят хавфноки Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фирдавс Аҳроров хабар дод.

Бино бо иттилои манбаъ, баъд аз сар задани ин воқеа аз ҷониби  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии  вилояти Суғд   ва Кумитаи бехатарии  озуқаворӣ гурӯҳи корӣ ташкил гардида, тафтишот бурда шуд. Муайян гардид, ки як шахси  саховатманд чорвои калони шохдорро қурбонӣ карда, онро ба ин кӯдакистон хайр кардааст ва коргарони ин кӯдакистон ҳангоми коркарди ин гӯшт сироят ёфтаанд.

Ба нақли Ф. Аҳроров ҳангоме, ки гӯшт сироятнок аст,  имконияти гузаштани ин беморӣ дар вақти коркардаш бештар мебошад. Яъне ин беморӣ тариқи гӯшти хом одамро сироят мекунад.  Дар ҳолати нағз тайёр кардани ғизо, ҳамаи он микробҳое, ки дар таркибаш мавҷуданд, нобуд мешаванд ва ин  беморӣ ба инсон намегузарад.

«Ҳоло гӯшти ин гов дар озмоишгоҳ  ташхис шуда истодааст ва дар муддати кӯтоҳ  сабабаш маълум карда мешавад»,- гуфт ҳамсуҳбат.

Ҳамчунин зикр шуд, ки айни ҳол  вазъи саломатии  ин 7 нафар  хуб буда, онҳо зери назорати доимии табибон қарор доранд.

Бино ба иттилои Кумитаи бехатарии  озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита дар як сол ду маротиба эмкунии ҳайвонот бар зиддӣ бемории сухтаниро мегузаронад.

Август 29, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад