Дар чор моҳ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 5,5 миллион метри кубӣ гази табиӣ интиқол дода шуд
ДУШАНБЕ, 13.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар чор моҳи соли равон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 5, 5 миллион метри кубӣ гази табиӣ интиқол дода шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ширкати «Тоҷиктрансгаз» хабар доданд.
Ба иттилои корманди ин ширкат Абдулло Қурбонов, тибқи шартномаи ҳамкорӣ миёни ширкати «Тоҷиктрансгаз» –и Тоҷикистон ва «Узтрансгаз» –и Ӯзбекистон интиқоли газ бе ягон мушкилӣ ҷараён дорад.
«Дар ҳоли ҳозир танҳо Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) аз гази табиии воридшаванда истифода мебарад. Зеро дигар аз корхонаву муассисаҳо ва аҳолии кишвар бинобар сабаби таъмири қубурҳо наметавонанд, ки гази табиии воришаванда аз Ӯзбекистонро истифода баранд»,-гуфт номбурда.
Бино ба маълумоти Абдулло Қурбонов, тибқи шартномаи байни ширкатҳои «Тоҷиктрансгаз» ва «Узтрансгаз» то охири соли равон дар ҳаҷми 51 миллион метри кубӣ гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
Ширкати «Узтрансгаз» ҳар 1000 метри кубӣ газро ба маблағи 100 доллари америкоӣ ба Тоҷикистон интиқол медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар панҷ соли пеш қатъ шуда буд ва то он замон ҳар 1000 метри кубӣ гази Ӯзбекистон 300 доллари америкоӣ арзиш дошт.
Интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон чор моҳ пеш дар пайи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли равон сурат гирифт, аз нав ба роҳ монда шуд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






