Дар Душанбе ҷаласаи Х Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ баргузор мегардад

Август 9, 2018 15:46

ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 15 августи соли равон дар асоси  ризоияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар толори «Кохи афсарон» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Х Шӯрои марказии  Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар он ҳайатҳои расмии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти  матбуоти Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур раиси Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи дастовардҳои ташкилоти мазкур дар самти таҳкими иқтидори мудофиавии Тоҷикистон тавассути тадбиқи ҳадафҳои оинномавӣ  маърӯза менамояд.

Бо назардошти эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли   рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ  ҳайатҳои расмии иштироккунанда аз Кохи Наврӯз ва Осорхонаи миллӣ дидан намуда, бо осори ҳунарӣ, меъморӣ  ва таърихии миллати соҳибтамаддуни тоҷик  ошно мегарданд.

Қобили зикр аст, ки айни ҳол дар ҳайати Шӯрои марказии  Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил   2700 кумитаҳои шаҳрию ноҳиявӣ, наздики 900 муассисаи таълимӣ, зиёда аз 5 миллион аъзо муттаҳид шудаанд. Дар сохторҳои Шӯрои марказии  Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ҳамасола зиёда аз 200 ҳазор мутахассис барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва беш аз 1 миллион 100 ҳазор нафар  мутахассисони касбҳои оммавӣ  – техникӣ  омода карда мешаванд. Зиёда аз  2 миллион нафар бошанд, бо варзишҳои авиатсионӣ, техникӣ  ва ҳарбӣ  – амалӣ  машғуланд.

Шӯрои мазкур  ба кишварҳои аъзо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои тарбияи ҳарбӣ  – ватандӯстӣ, тайёр намудани  шаҳрвандон  аз рӯи тахассусҳои ҳарбӣ   барои хизмати низомӣ   дар сохторҳои миллии қудратӣ,  таълим додани касбҳои оммавӣ  – техникӣ, ҷалби ҷавонон ба эҷоди техникӣ  ва машғулиятҳои варзишии авиатсионӣ, техникӣ  ва ҳарбӣ  – амалӣ  кумак мерасонад.

Август 9, 2018 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд