Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 30.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 31 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор мегардад. Дар доираи ин ҷаласа имрӯз, 30 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ оғоз мегарданд.
Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуданд, ки дар доираи ҷаласаи мазкур мулоқоти дуҷонибаи кории ҳайатҳо низ дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, 29 август ҳайати меҳмонон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор дидан карданд.
Интизор меравад, ки дар доираи ин ҷаласа мулоқоти Вазири иқтисод ва тиҷорати давлати Қатар бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






