Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 08.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон, ҳамзамон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба варзиш мусобиқаи кушод оид ба гӯштини дзюдо миёни наврасону ҷавонони то 23-сола баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 70 нафар варзишгарон иштирок ва дар вазнҳои алоҳида бо ҳам рақобат намуданд.Дар фароҷоми мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорон бо диплом, медал ва туҳфаҳои таъсисдодаи Раёсат қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин дар толори варзишии Муассисаи давлатии Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №2 шаҳри Душанбе оид ба таэквондо Чемпионати шаҳри Душанбе байни наврасону ҷавонон оид ба таэквондо ВТФ баргузор шуд.
Дар Чемпионати мазкур варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марка зиёда аз 85 нафар иштирок варзиданд. Дар ҷамбасти Чемпионат ғолибон ва ҷоизадорон бо диплом, медал ва туҳфаҳои таъсисдодаи Раёсат қадрдонӣ гардиданд.
Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон мусобиқаҳо ва чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то 10 августи соли равон дар толору майдончаҳои варзишии ҳудуди пойтахт баргузор мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






