Дар Душанбе Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон ба кори худ оғоз намуд

Август 9, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе Шӯрои якуми кории Тоҷикистону Қазоқистон ва Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорони ин давлатҳо оғоз гардид.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиш бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдои берунии Қазоқистон ташкил гардида, то 12 август идома меёбад.

Дар кори он Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид, муовини Палатаи савдои берунии Қазоқистон Нуралӣ Букейханов ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок доранд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш намояндагони Қазоқистон дар ҳайати 20 молистеҳсолкунандаи бузурги бахшҳои сохтмон, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук (таҷҳизот ва технология), кӯҳканӣ, металлургӣ, кимиё, мошинсозӣ, таҷҳизот ва технологияҳои барқӣ, мебел ва аз ҷониби Тоҷикистон соҳаҳое, ки ба Вазорати нақлиёт, рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об рабт доранд, иштирок менамоянд.

Мақсади ин ҳамоиш рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, шарикони ҳамкор,  дарёфти самтҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳои соҳибкорони ватанӣ бо хориҷӣ  мебошад.

Август 9, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд