Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ таҳти унвони «Зан ва ҳунар» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 15.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 27 августи соли равон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи «Ирам» Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ таҳти унвони «Зан ва ҳунар» доир мегардад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар Фестивал санъаткорону ҳунармандони вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт, шаҳру ноҳияҳои Рўдакӣ, Варзоб, Файзобод, Роғун, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав бо барномаҳои фарҳангии идона, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ иштирок мекунанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳадафи баргузории Фестивали мазкур дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳангу маданияти воло, эҳёи ҳунарҳои азбайнрафта, ба омўзиши касбу ҳунар ҷалб намудани занону духтарон, маъюбон ва дар рӯҳияи ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон мебошад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






