Дар Душанбе муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом баррасӣ шуд

Август 14, 2018 16:36

ДУШАНБЕ, 14.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, семинари мазкур аз ҷониби   Вазорат дар якҷоягӣ бо Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд.

Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким  Мирсайзод зимни ифтитоҳи семинар гуфт: «Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли равон даври 2-юми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли омро гузаронид ва айни ҳол дар ин самт корҳо идома доранд».

Нномбурда илова намуд, ки даври 1-уми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом дар Тоҷикистон соли 2008 аз ҷониби коршиносони байналимиллалӣ амалӣ гардид.

Зикр шуд, ки низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом ҷузъи муҳими сиёсати давлатии мубориза бо терроризм, ҷинояткорӣ ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом буда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Директори Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Файзулло Файзуллозода зикр намуд, ки ба вуқӯъ омадани низоъҳои мусалаҳона дар Шарқи Наздик, пайдо шудани ба ном «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) боиси ривоҷи терроризм гардидааст.

«Оқибатҳои ин зуҳуроти номатлуб Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ, ки ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, бе таъсир намондааст. Воқеаи рӯзҳои охир дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон нисбат ба сайёҳони хориҷӣ бори дигар номатлуб будани зуҳуроти зикргардидаро таҷассум менамояд»,-илова намуд номбурда.

Бо мақсади шиносоии иштирокдорон бо вазъи кунунии оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи терроризм ва экстремизм, ки ба масъалаи глобалии ҷаҳони имрӯза табдил ёфтааст, аз ҷониби масъулин навори видеоӣ дар мавзӯи муқовимат бо терроризм ва экстремизми хушунатомез пешкаш гардид.

Ёдовар мешавем, ки Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом бо мақсади ҳамоҳанг намудани иқдому талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои ин соҳа бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2013 ташкил карда шудааст.

 

Август 14, 2018 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад