Дар Душанбе «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба теннис доир мегардад
ДУШАНБЕ, 17.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 27 августи соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон ва ҷавонон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур иштироки варзишгарон аз кишварҳои Америка, Афғонистон, Покистон, Бангладеш, Қазоқистон, Россия, Ўзбекистон ва Украина дар назар аст.
«Тамоми ҳаводорон ва мухлисони ин намуди варзиш метавонанд барои дастгирии дастаи яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 то 27 августи соли 2018, аз соати 9:00 то 17:00 ба Корти тенниси тобистона, воқеъ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ташриф биёранд,-гуфт манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки имсол соли нӯхум аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад.
Баргузории ин чорабинии муҳим ба арафаи таҷлили 27-умин солгарди рӯзи Истиқлолияти давлатӣ рост омадааст, ки он инъикоскунандаи рамзи муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни мардумон мебошад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






