Дар Душанбе соддагардонии тиҷорат дар пасманзари иҷрои Созишномаи СҶС баррасӣ гардид

Август 20, 2018 09:19

ДУШАНБЕ, 20.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Соддагардонии тиҷорат дар Тоҷикистон дар пасманзари иҷрои Созишномаи Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) доир ба соддагардонии расмиёти савдо» зимни ҳамоиши серӯза дар шаҳри Душанбе матраҳ гардид.

Ҳамоиши мазкур бо ибтикори  Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  созмон дода шуд. Дар он  намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, ки дар самти мусоидат ба тиҷорат фаъолият мебаранд, ширкат намуда, афзалиятнокӣ ва муҳлати иҷрои ислоҳоти соддагардонии тиҷорат дар Тоҷикистон ва уҳдадориҳои марбутаи кишварро баррасӣ намуданд.

Зикр шуд, ки  Созишномаи соддагардонии расмиёти савдо (TFA), ки моҳи феврали соли 2017 ба амал даромадааст, созишномаи СҶС буда, аз аъзои он тақозо мекунад, то интиқоли бор, аз ҷумла борҳои транзитиро суръат бахшанд. Мушовири калони МТБ доир ба мусоидат ба тиҷорат доктор Муҳаммад Саид, мегӯяд, ки «созишномаи мазкур аъзои СҶС-ро муваззаф мекунад, то равандҳои гумрукиро беҳтар кунанд, шаффофият ва муассириятро боло баранд ва ҳамчунин, ҳамкориро миёни ниҳодҳои фаъол дар марз ва бахши хусусӣ ба роҳ монанд».

Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи уҳдадориҳояш Кумитаи соддагардонии расмиёти савдоро таъсис додааст, ки ба ҳайати он намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ шомил мебошанд. Намояндагони ин Кумита дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва коршиносони МТБ аллакай ба муайянсозии чораҳои афзалиятноки ислоҳоти соддагардонии тиҷорат ва тартиби иҷрои онҳо машғул мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2013  узви комилҳуқуқи СҶС гардид.

 

Август 20, 2018 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад