Дар Душанбе ярмаркаҳои фурӯши лавозимоти мактабӣ ташкил мегарданд
ДУШАНБЕ, 04.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе аз 6 то 31 августи соли 2018 ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ташкил мегарданд. Ярмаркаҳои мазкур дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар назди Маркази савдои «Меҳргон», дар ноҳияи Шоҳмансур дар назди Маркази савдои «Ёқут-2000», дар ноҳияи Фирдавсӣ дар таввақуфгоҳи назди Маркази савдои «Ганҷина» ва дар ноҳияи Сино дар назди Маркази савдои «Ёвар» ташкил ва баргузор мегарданд. Дар ин бора Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати рушди иқтисод ва савдо, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор иштироки фаъолонаи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватаниро дар ярмаркаҳои мазкур таъмин намуда, сифати маҳсулоти воридшударо назорат намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






