Дар минтақаи Рашт ба 2 ҳазору 884 нафар ронанда барои вайрон намудани меъёрҳои қонунгузорӣ дар соҳаи нақлиёт ҷарима таъйин гардид

Август 8, 2018 11:20

РАШТ, 08.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт дар 7 моҳи соли равон нисбат ба 2 ҳазору 884 нафар ронандагон, ки  қонунгузориҳои соҳаи  нақлиётро вайрон кардаанд, санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд, ки маблағи ҷаримаи онҳо 399 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои сардори раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт  Султонмурод Одинаев мушкилоти асосӣ дар роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар минтақа аз тарафи ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори хавфнок, калонҳаҷм, риоя накардани қойдаҳои боркашонӣ ва худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи ҳаракат мебошад, ки то имрӯз 2 ҳазору 322 нафар бо риоя накардани талаботҳои моддаҳои 322, 323, ва 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт бо 11 адад терминалҳои мусофиркашонӣ ҳамкорӣ дошта, дар соли равон ба 15 ҳазору 319 нафар ронанда роҳхат додаанд, ки аз ин 2 ҳазору 989 нафар ронандаи автомобилҳои боркаш ва 4 ҳазору 195 нафар ронандагони микроавтобусҳо мебошанд.

Август 8, 2018 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад