Дар ноҳияи Мурғоб нахустин корхонаи бузурги коркарди маъдан бунёд карда мешавад
ХОРУҒ, 20.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати Аличури ноҳияи Мурғоб нахустин корхонаи бузурги коркарди маъдан бунёд карда мешавад.
Ҷараёни фаъолгардонии корхонаи навбунёд зимни мулоқоти Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо роҳбари ширкати «С.А-Минерализ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиан Лан, муовини сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорату бехатарӣ дар саноати кӯҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш ва намояндаи назорати давлатии техникии саноати кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Ҷумъахон Ҳилолов мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки корҳои иктишофӣ ва нақбканӣ дар ин мавзеъро мутахассисони зерсохторҳои Саридораи геологияи ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ширкати масъулияташ маҳдуди Ҷумҳурии Мардумии Чин «С.А.-Минирализ» анҷом медиҳанд.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед гуфт, ки «корхонаи коркарди кони нуқраи Оқҷилгаи минтақаи Бозордараи водии Аличур яке аз нахустин иншооти истеҳсолии вилоят дар соҳаи саноати куҳӣ мебошад, ки дар оянда ба иктишоф, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ заминаи боэътимод мегузорад. Баъди пурра ба кор андохтани ин корхона садҳо нафар ҷавонони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуда, шумораи бекорон ба маротиб коҳиш меёбанд».
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи маъдантозакунии кони нуқраи Оқҷилга аз се коргоҳи мустақил ба монанди коргоҳи сангрезакунӣ тариқи тасмачарх, коргоҳи табдили санг ба хока ва дар ниҳоят коргоҳи коркарди унсурҳои асосии нуқра иборат мебошад.
Корхона дар як шабонарӯз то 300 тонна маъданро коркард ва аз он ба миқдори зарурӣ консентратро тайёр менамояд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






