Дар ноҳияи Рӯшон Фестивали «Табиатваҳш -2018» баргузор гардид
ХОРУҒ, 22.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» ва дастгирии Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ширкати мобилии «Мегафон» дар деҳаи Сипонҷи ҷамоати деҳоти Бартанг Фестивали дӯстдорони табиат бо номи «Табиатваҳш — 2018» баргузор гардид.
Раиси ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» Қурбон Аламшо ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт: «соли сеюм аст, ки чунин Фестивалро дар деҳоти дурдасти вилоят баргузор мекунем. Зеро аксари ин деҳот дар доманакӯҳҳо ҷойгиранд ва ба қавле дар «канор»-и ҳайвоноти ваҳшӣ зиндагӣ мекунанд. Яъне яке аз ҳадафҳои асосии Фестивал ҷалб намудани таваҷҷуҳи мардум ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ, бахусус озодапаланг мебошад».
Мавриди зикр аст, ки водии Бартанг мисли дигар манотиқи кӯҳсори кишвар макони сукунати ин ҳайвони нодир ба ҳисоб меравад. Дар чанд соли охир ба сабаби боришоти зиёди барф ҳодисаҳои ба макони зисти одамон фаромадани бабри барфӣ ё худ озодапаланг бамаротиб афзудааст.
Ҳарчанд ин «меҳмони нохонда» баъзан ҳайвоноти сокинони деҳотро таллаву тороҷ мекунад, аммо онҳо ҳаргиз ба он зарар намерасонанд. Баръакс, бидуни ягон осеб бабри барфиро ба «хонааш» гусел мекунанд. Зеро ба хубӣ дарк мекунанд, ки саршумори ҳайвоноти хонагиро дар оянда афзоиш додан мумкин аст, аммо бабри барфӣ ҳайвони нодир аст ва ҳар саршумори он барои инсону ҳам табиат мисли тилло ғанимат аст.
Фестивали «Табиатваҳш -2018» маҳз ба ҳифзи ин ҳайвони нодир бахшида шудааст, то сокинони деҳоти баландкӯҳ дар борааш маълумоти бештар пайдо кунанд. Дар Фестивал ҳунармандони мардумӣ, шоирону нависандагон, олимони риштаи табиатшиносӣ ва табибони гиёҳшинос низ ширкат варзиданд.
Дар Фестивали имсола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ҳам ширкат варзиданд. Ҳунарҳои дастӣ, бозиҳои қадимаи миллӣ ва рақсу таронаҳои мардумии сокинони маҳаллӣ сайёҳони хориҷиро ба ваҷд оварданд. Раиси ташкилоти «Кӯҳҳои Помир» Қурбон Аламшоев гуфт, ки Фестивали мазкур на танҳо робитаи инсонро ба табиат боз ҳам қавӣ месозад, балки дар рушди риштаи сайёҳӣ низ нақши муассир мегузорад.











Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






