Дар Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» гурӯҳи мусаллаҳи номаълуми афғон ба кормандони соҳаи ҷангал ҳамла намуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 26 августи соли равон тахминан соати 15 дар минтақаи муҳофизатии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», ки марзи ноҳияи Фархор бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад, гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон, иборат аз 10-12 нафар сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба автомашинаи давлатии тамғаи «Нива», рақами давлатиаш 975 ХВ 03 РТ, ки дар он се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат доштанд, бо яроқҳои оташфишони АК-74, қутраш 5,45 ва 7,62, РПГ 7В ҳамла намуда, онҳоро зери оташ қарор медиҳанд.
Дар ин бора сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, зикр кард, ки «дар натиҷаи ҳамла ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони хоҷагии ҷангал Ҳамрохон Саидов, соли таваллуд 10.02.1956, истиқоматкунандаи н.Фархор ва Давлат Сангинов, соли таваллуд 20.03.1958, ки дар асоси иҷозатномаи махсус барои ҷамъоварии хӯроки чорво машғул буданд, мутаассифона, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофир Сафархон Раҳмонов, соли таваллуд 26.08.1992 истиқоматкунандаи ҷамоати Ҳисори н. Фархор ба тарафи қамишзор фирор менамояд.
«Айни замон бо мақсади пайдо ва несту нобуд намудани гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» корҳои фаврию ҷустуҷӯиро идома дода истодаанд»,-гуфт М. Улуғхоҷаев.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






