Дар шаҳри Душанбе дастрасӣ ба иттилооти судиро баррасӣ намуданд

Август 10, 2018 15:15

ДУШАНБЕ. 10.08.2018. /АМИТ «Ховар»/.  «Дастрасӣ  ба  иттилооти  судӣ» — таҳти ин унвон дар шаҳри Душанбе семинари дурӯза, ки 9 август оғоз гардида буд, ба анҷом расид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар семинари мазкур  намояндагони дастгоҳи марказии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони  судҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи он ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Семинарро Суди Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ҳамкорӣ  бо  шарикон  — Барномаи  рушди Созмони  Миллали  Муттаҳид ташкил карда, иштирокдорони он давоми  ду  рӯз  ( 9 ва 10 август)  оид ба  табодули таҷрибаи миллӣ ва  ҷаҳонӣ  оид ба  дастрасӣ  ба  иттилоот,  заминаҳои  ҳуқуқии  ҳамкории  судҳо  ва ВАО,  риояи  меъёрҳои  ахлоқӣ  ва  дурнамои  рушди  ҳамкории  судҳо  ва  ахбори омма маълумот  гирифта, байни ҳам табодули назар намуданд.

Бояд гуфт, ки семинар дар доираи лоиҳаи  «Дастрасӣ  ба  иттилооти  судӣ»  баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва инъикоси баррасии парвандаҳои судии дорои аҳамияти ҷамъиятӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ ва марказҳои матбуотӣ баргузор карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи барномаи семинари имрӯза, ки бо иштироки коршинос аз Федератсияи Россия, Директори минтақавии ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи рӯзноманигорони судӣ» Сергей Чижков баргузор гардид, масъалаҳои дастрасӣ ба иттилооти судӣ ва паҳн намудани он тариқи воситаҳои ахбори омма баррасӣ карда шуд.

Август 10, 2018 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад