Дар шаҳри Хоруғ мусобиқа барои дарёфти Ҷоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз шуд

Август 10, 2018 14:11

ХОРУҒ, 10.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони хурди футболи маҳаллаи Хоруғи боло, ки чанде пеш ба истифода дода шуд, мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд барои соҳиб шудани ба Ҷоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз ёфт.

Тавре мухбири махсуси АМИТ «Ховар» дар ВМКБ хабар медиҳад, дар мусобиқа 24 даста аз идораву муассисаҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ ширкат меварзанд. Муовини раиси Федератсияи футболи вилоят Азиз Ясакиев дар суҳбат гуфт, ки «ин майдончаи футбол маҳз бо кумаку дастгирии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бунёд гардид ва ҳоло мо имкон пайдо кардем, ки чунин мусобиқаи бонуфузро байни ҷавонони шаҳр баргузор намоем».

Дар Қасри варзиши шаҳр ҳам барои бозии футболи хурд шароит мавҷуд аст, аммо бо сабаби ҳавои гарму тафсон баргузории мусобиқа ғайриимкон мебошад. Барои ҳамин аз номи ҷавонони шаҳр, бахусус футболбозону мухлисони ин намуди варзиш изҳори сипос менамоям.

Азиз Ясакиев гуфт, ки  сарпарасти мусобиқа бошгоҳи футболи «Истиқолол» буда, мутобиқи ҷадвали таҳиягардида бозии ниҳоӣ дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ баргузор мешавад.

Дар бозии ниҳоӣ раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ширкат меварзанд ва ба ғолибони мусобиқа Ҷоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим мекунанд.

 

Август 10, 2018 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад