Дар шаҳри Турсунзода IV Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта доир мегардад

Август 11, 2018 09:13

ДУШАНБЕ, 11.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода IV Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва Форуми дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ғамхории доимии Пешвои миллат барои мо ҷавонон ҷовидон боқӣ мемонад!» баргузор мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Анҷуман намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати корҳои хориҷӣ, 100 нафар ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва ҷавонони фаъолу ташаббускор иштирок мекунанд.

Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва Форуми дӯстии ҷавонон ду рӯз идома ёфта, дар доираи он иштирокдорон аз осорхонаи Мирзо Турсунзода, осорхонаи марказии шаҳри Турсунзода ва осорхонаи КВД «Ширкати алюминийи тоҷик»  дидан мекунанд.

Август 11, 2018 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!