Дар тамоми истироҳатгоҳҳо озмуни «Дониш ва ҳунар» доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 11.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо баҳри бедор кардани шавқу рағбати кӯдакон ба китобу ҳунар, фарҳангу таърихи ниёгон ва ҳисси миллӣ дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ озмуни «Дониш ва ҳунар» доир гардида истодааст.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи нақшаи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм, дар таътили тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар истироҳатгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмунҳои гуногун баргузор шуда истодааст.
Чанде пеш дар истироҳатгоҳи «Гулхан» озмунҳои «Дониш ва ҳунар» ва «Пасандоз» гузаронида шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти озмун иштирокдорон маҳорати ҳунарпешагӣ, суханварӣ ва ҳозирҷавобии худро ба тамошобинон нишон медиҳанд. Озмун аз чор шарт-саҳнача аз рӯи китобҳои хондашуда, байтбарак, саҳначаи ҳаҷвӣ ва викторина аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик иборат мебошад.
Дастаҳои ғолиб аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Муассиса нақша дорад, ки то охири таътили тобистонаи кӯдакон озмуни «Дониш ва ҳунар»-ро дар тамоми истироҳатгоҳҳои амалкунандаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронад.









«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






