Дар Тоҷикистон аввалин корхонаи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои кӯдакона бунёд мегардад

Август 30, 2018 09:30

ХУҶАНД, 30.08.2018.  /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи эълони 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба  муносибати  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону бунёди иншооти гуногун босуръат идома дорад. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба ташкили коргоҳҳои машғул бо маҳсулоти воридотивазкунанда ва дар ин замина зиёд кардани истеҳсоли чунин намуд маҳсулот дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» сохтмони боз як коргоҳи нави истеҳсолӣҶСК «Корхонаи механиконидашудаи сайёр», ки ба истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона ва дучархаҳо нигаронида шудааст, бомаром идома дорад.

Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар минтақаи Суғд, то имрӯз аксари корҳои сохтмонӣ дар корхона ба итмом расонида шуда, рангу бори биноҳо, ободонии муҳити атроф ва васлу насби таҷҳизоти нав босуръат ҷараён доранд. Тамоми дастгоҳҳои корхона, ки он аз панҷ коргоҳ иборат аст, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, алъон якчанд хатҳои истеҳсолӣ насб карда шудааст.

Тибқи маълумоти масъулини корхона, баъд аз мавриди баҳрбарадорӣ қарор гирифтани он дар марҳилаи аввали фаъолият истеҳсоли 10-15 намуд маҳсулот ба нақша гирифта шуда, минбаъд шумораи он то ба 50 намуд расонида мешавад. Ҳамзамон шумораи коргарон низ марҳила ба марҳила то ба 50 нафар хоҳад расид.

Мавриди зикр аст, ки маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда воридотивазкунанда буда, он дар миқёси кишвар аввалин корхонае маҳсуб меёбад, ки дар он дучарха ва бозичаҳои гуногун барои кӯдакон истеҳсол мегардад.

Дар назар аст, ки дар сурати пурра ба кор даромадани коргоҳ маҳсулоти тайёр ба мамлакатҳои ҳамсоякишвар содир карда шавад.

 

Август 30, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад