Дар Тоҷикистон фестивали байналмилалии ҷавонони ИДМ ва СҲШ баргузор мегардад

Август 17, 2018 08:47

ДУШАНБЕ, 17.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз  28 август то 1 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Гулистон Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯён дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Роҳи Абрешим: дирӯз ва имрӯз» («Таджикистан и Шёлковый путь: история и современность»), озмун – намоишгоҳи байналмилалии ҷавонон дар мавзӯи  «Чашмаҳо –набзи ҳаёт» («Родники – пулсь жизни») ва ташкили мактаби иҷтимоӣ – инноватсионӣ баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумита дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд бо Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо даъвати роҳбарони мақомоти давлатии кор бо ҷавонон ва намояндагони ҷавонони аъзои давлатҳои ИДМ ва СҲШ ба роҳ монда шудааст.

Дар назар аст, ки дар чорабинии мазкур 100 нафар иштирокчиён аз давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ иштирок менамоянд.

 

Август 17, 2018 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад