Дар Тоҷикистон «Маркази такмили ихтисоси масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» таъсис дода шуд

Август 8, 2018 14:03

ДУШАНБЕ, 08.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маркази такмили ихтисоси масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» таъсис дода шуд. Иқдоми мазкур бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2018 бо мақсади оммавигардонии варзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати мураббиёну устодони варзиш, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш  ташкил шудааст.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, «Маркази такмили ихтисоси масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» метавонад барои баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиёну устодони соҳаи варзиш заминаи мусоид фароҳам орад.

Таъсиси маркази мазкур дар арафаи Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ва оғози Бозиҳои Осиёӣ рост омада, туҳфаи арзанда барои мураббиёну варзишгарони Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон, дар идомаи тадбирҳои андешидашуда дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар Тоҷикистон дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти ваколатдори давлатӣ, сохтори нави «Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаб» таъсис ёфтааст.

Август 8, 2018 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад