Дар Тошканд ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид

Август 16, 2018 16:35

ДУШАНБЕ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи сафари давлатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон  имрӯз дар шаҳри Тошканд ҳамоиши соҳибкорон ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш ҳамкории  мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузории ҳар ду давлат дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ баррасӣ ва муаррифӣ гардиданд.

Ҳамоишро Вазири  савдои  берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Ҷамшед Хоҷаев ифтитоҳ намуда, ҳамзамон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи   давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  сухан кард.

Фаррух Ҳамрализода зикр кард, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зарурӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ барои    пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст. Барои  дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва содагардондани қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд.

Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш- доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон  доир ба имкониятҳои воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи рушди устувор, аз қабили захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза, захираҳои зеризаминӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва нақлиётӣ ибрози назар намуда, тавсеаи ҳамкории мутақобилан судмандро дар ин бахшҳои афзалиятнок мувофиқи мақсад шумориданд.

Зикр шуд, ки заминаи муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз тарафи роҳбарони давлатҳо имзо гузошташуда, он ба ҳамкории мутақобилан судманд асос меёбад ва ҳамоиши мазкур ҳамчун платформаи рушди ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар самти  тақвияти  ҳамкории иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳамоиш ҳамзамон имкониятҳои  сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути  навори видеоӣ муаррифӣ гардид. Инчунин байни  соҳибкорон ва масъулини мақомоти давлатии ҳарду ҷониб нишаст дар шакли  соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар фазои самимият ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, аз ҷониби ширкатҳои хар ду кишвар як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шуданд.

Август 16, 2018 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид