Дар Тошканд байни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум ба имзо мерасад
ДУШАНБЕ, 07.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории конфронси байналмилалии « Омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосири ӯзбек дар сатҳи байналмилалӣ ва маъруфияти он», ки рӯзҳои 7-8 август дар шаҳри Тошканд доир мешавад, байни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо мерасад.
Дар ин хусус дар шаҳри Тошканд зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси Итифоқи нависандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Мирзо иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки дар ҳамоиши мазкур беш аз 40 нафар намояндагони 25 давлати дунё – шоирону нависандагон, адабиётшиносон иштирок менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин конфронс раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим намояндагӣ мекунад.
Бо дахли равобиту ҳамкории мутақобилан судманди илмию фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Мирзо афзуд, ки мардумони ду кишвар тӯли ҳазорсолаҳо дар паҳлӯи ҳам дӯстона зистаанд, аз як дарё об нӯшидаанд, бо ҳамдигар аҳди дӯстиву бародарӣ доранд.
«Мо ба дӯстиву робитаҳои шахсиятҳои барҷастаи илмию фарҳангии ҳар ду кишвар, ки занҷираҳои он аз замони шоирони барҷастаи адабиёти классикии тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ пайваст гардида, сарчашма гирифтаанд, арҷ мегузорем. Ин шахсиятҳои бузурги фарҳангӣ, ба мисли Садриддин Айнӣ, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом, Муъмин Қаноат, Мирзо Турсунзода, Миртемир, Зулфия, Гулрухсор Сафиева ва боз даҳҳо шахсиятҳои шинохтаи ҳар ду миллатанд», — иброз дошт Минҳоҷиддин Мирзо.
Назар ба андешаи ӯ, маҳз бо шарофати саъю талош ва иродаи сиёсии Роҳбарони баландпояи давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории ду кишвари дӯсту бародар –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон густариш ёфта, вориди марҳилаи нав гардидааст, ки ин раванд аз ояндаи дурахшони равобити илмию фарҳангии мардумони тоҷику ӯзбек, ки дорои муштаракоти фарҳангианд, шаҳодат медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки зимни сафари ҳайати баландпояи намояндагони илму фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз 1 то 4 августи соли равон доир гардид, ҳайати фарҳангии Тоҷикистон аз Итифоқи нависандагони Ӯзбекистон, ки дар муҷтамеъи «Адиблар хиёбонӣ» воқеъ аст, боздид намуда, бо шоирону нависандагон ва аҳли эҷоди кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба тавсеаи равобити илмию фарҳангии ду давлатро баррасӣ карданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»,
Душанбе -Тошканд













Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






