Дар вилояти Суғд Анҷумани IV байналмилалии оҳангарон баргузор гардид

Август 13, 2018 11:02

ДУШАНБЕ, 13.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дирӯз дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Анҷумани IV байналмилалии оҳангарон баргузор гардид.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Анҷумани мазкур оҳангарони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок намуда, оид ба таърихи оҳангарӣ ва ривоҷу равнақи ин ҳунари мардумӣ дар замони муосир ибрози андеша намуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни ифтитоҳи Анҷуман Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки  маҳсули дастранҷи оҳангарони ноҳияи Ашт, аз қабили каланд, бел, теша, хоркантеша, табар, болға, дос, гулмех, наъл, корд, шамшер, оташгирак ва ғайраҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Ӯзбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон ҳам харидорони зиёд доранд.

Мавриди зикр аст, ки оҳангарӣ яке аз касбҳои маъмули мардуми тоҷик буда, мардуми мо ин касбро аз давраи Кова ба ёд дорад. Сабаби як андоза бардавом будани ин пеша ниёз ва талаботи мардум ба маҳсулоти оҳангарӣ мебошад.

Август 13, 2018 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд