Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол сазовори медалҳои биринҷӣ гардид

Август 29, 2018 10:05

ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ барои «Ҷоми Президенти Қазоқистон» иштирок карда, сазовори мақоми сеюм ва медалҳои биринҷӣ гардид.

Иштирок дар ин мусобиқаи бонуфуз  барои футболбозони навраси мо яке аз марҳалаҳои охирини тайёрӣ ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё, ки аз 20 сентябр то 7 октябри соли равон дар Малайзия мегузарад, ба ҳисоб меравад.  Дастпарварони сармуррабӣ Зайниддин Раҳимов дар шаҳри Талгари Қазоқистон дар вохӯрӣ барои ҷои сеюм бо дастаи мунтахаби Қазоқистон (U-17) –мизбонони мусобиқа қувва санҷида бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд.  Ҷонибек Шарифов ва Ислом Зоиров тӯбҳоро ба нишон расониданд.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони мамлакат дар бозиҳои пешина бар дастаи мунтахаби наврасони Қазоқистон   (U-16) бо натиҷаи 3:0 ғолиб омада, аз дастаи Академияи «Краснодар» бо нишондоди 4:0 мағлуб шуда буданд.

Дар мусобиқаи Ҷоми Президенти Қазоқистон, ки аз 24-ум то 28-уми август ҷараён дошт, шаш даста-ду дастаи мунтахаби Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Академияи «Краснодар» -и Россия  дар ду гурӯҳ бо ҳам рақобат карданд. Дар натиҷа Академияи «Краснодар» соҳиби ҷои аввал ва дастаи мунтахаби Озорбойҷон сазовори мақоми дуввум гардиданд.

Дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасанов ба ҳайси беҳтарин дарвозабон шинохта шуд.

Акнун футболбозони навраси мамлакат моҳи сентябр дар бозиҳои финалии Чемпионати Осиё дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Малайзия, Япония ва Таиланд қувва месанҷад.

 

Август 29, 2018 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад