«ФАРАҲ-2018». Беҳтарин бонувони соҳибкори Тоҷикистон муайян шуданд

Август 24, 2018 10:42

ДУШАНБЕ, 24.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Зулайхо Тиллозода, сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ғолиби Озмуни миллии «Бонуи соҳибкори сол» гардид. Маросими ҷамъбасти ин озмун дирӯз дар Душанбе сурат гирифт.

Ӯ дар номгӯи «Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ» ғолиб омад. Ғолиби озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ, шаҳодатнома, инчунин мукофоти пулӣ ба андозаи 100 ҳазор сомонӣ, ки онро барои рушди тиҷорати худ сарф мекунад, сарфароз гардонида шуд.

«Ман интизор набудам, ки ғолиб мешавам. Аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди соҳибкорӣ миёни бонувон миннатдорам», — гуфт З. Тиллозода.

Дар озмун бонувони соҳибкор аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон иштирок намуданд.

Имсол ғолибон аз рӯи 6 номгӯй мукофотонида шуданд.

Дар номгӯи «Тандурустӣ ва маориф» барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи тандурустӣ иштирокчӣ аз вилояти Суғд Умеда Гадобоева ғолиб дониста шуд.

Дар номгӯи «Маҳсулот» Лутфия Мамадкаримова аз шаҳри Хоруғи ВМКБ, ки ба парвариш ва фурӯши гулҳо машғул аст, ғолиб омад.

Иштирокчии озмун аз вилояти Суғд Каромат Ашӯрмадова дар номгӯи «Ҳунарпешаи халқӣ» беҳтарин дониста шуд.

Беҳтарин иштирокчӣ дар номгӯи «Соҳибкории нав start-up» сокини ноҳияи Шаҳритуз Мавҷуда Ҷумъаева гардид.

Аз рӯи номгӯи «Хизматрасонӣ дар соҳаи хӯроки умум» сокини Шаҳринав Муборак Фатҳуллоева ғолиб баромад.

Иштирокдорони озмун бо шаҳодатномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ба соҳибкорони дар соҳаи истеҳсолот фаъолиятдошта роҳхат ба форуми тиҷоратӣ, ки дар Тошканд доир мегардад, дода шуд.

Дар мусоҳиба бо мухбири АМИТ «Ховар» ҳаммуассиси Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон Санавбар Шарипова гуфт, ки баргузории озмуни мазкур ба рушди иқтидори иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ мусоидат мекунад.

«Озмун — ин лоиҳаи беназирест, ки бо мақсади хеле ҷолиб -муттаҳид намудани бонувони соҳибкори соҳаҳои гуногун ташкил шудааст, то намунаи беҳтарини таҷрибаи занони соҳибкорро ба бор орад», — гуфт ӯ.

Бино ба иттилои номбурда, имсол беш аз 400 зан аз саросари Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ин озмун хоҳиш ирсол доштанд. Бо қарори коршиносон 94 нафар занони соҳибкор барои иштирок дар озмун интихоб шуданд.

Бояд қайд кард, ки озмуни «Бонуи соҳибкори сол» аз соли 2014 инҷониб аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) гузаронида мешавад.

Август 24, 2018 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад