Фарангис Нуруллохоҷа-набераи Зиёдулло Шаҳидӣ сазовори идрори Гуггенхайм гардид

Август 29, 2018 09:48

ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Фарангис Нуруллохоҷа- оҳангсози тоҷики муқими Канада, набераи бастакори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ сазовори идрори Гуггенхайм гардид. Дар ин бора дар сомонаи шахсии Фарангис Нуруллохоҷа (http://farangis-nurulla.com/)  иттилоъ дода шудааст.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, гранти Фонди таърихии Джон Саймон Гуггенхайм ба шаҳрвандони ИМА, Канада ва Америкаи Лотинӣ, ки дар соҳаи санъат ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, бо фаъолияти худ сазовори истеъдоди фавқулода буданашонро собит кардаанд, супорида мешавад.

Фарангис Нуруллохоҷа дар сомонаи худ зикр кардааст: «Эҷоди мусиқӣ – ин саёҳат ба олами то ҳол кашфнашуда, ҷустуҷӯи оҳанг дар фазое мебошад, ки касе надидааст ва нашунидааст».

Номбурда дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, маълумоти олиро дар Консерваторияи Шветсия гирифтааст ва дар ИМА ва Франсия такмили ихтисос  намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Фарангис соли 2017 Ҷоизаи тиллоии «Мусиқии ҷаҳонӣ» («Global music»)-ро низ ба даст оварда буд.

Боиси ифтихор аст, ки Фарангис Нуруллохоҷа бо осораш дили ҳаводорони санъати классикиро дар аксари кишварҳои дунё ба даст оварда, санъати нотакрори тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ  менамояд.

 

Август 29, 2018 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд