Фаррух Ҳамрализода: «Дар Душанбе корхонаи нави автобусҳо, мошинҳои боркаш ва микроавтобусҳо сохта мешавад»
ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе корхонаи нави тавлиди автобусҳо, мошинҳои боркаш ва микроавтобусҳо бо ҷалби 20 миллион доллари америкоии ширкати туркӣ сохта мешавад.
Матлаби мазкурро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури доираи васеи хабарнигорон баён дошт.
«Доир ба бунёди ин корхона аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсус ба тасвиб расид. Аз ҷониби Тоҷикистон масъули ин тарҳ ширкати «Авеста Групп» мебошад. Дар марҳилаи аввал ин корхона солиёна то 200 адад автобус тавлид мекунад. Дар марҳилаи дигар тавлиди мошинҳои боркаши иқтидораш аз 3 то 8 тонна ва ҳамчунин микроавтобусҳо пешбинӣ шудааст. Микроавтобусҳо бо тамғаи «Мерседес» тавлид мешаванд. Ҳамаи маҳсулоти ин корхона бо тамғаи «Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст» ба фурӯш бароварда мешавад», -афзуд Фаррух Ҳамрализода.
Ба зикри мавсуф, шурӯъ аз соли ҷорӣ то ба ҳол автобусҳои тамғаи «AKAI» дар шаҳри Душанбе дар бинои собиқи насби троллейбусҳо аз қисмҳои эҳтиётии аз Туркия воридшуда, насб мешаванд. Бештари автобусҳои пойтахти Тоҷикистон феълан дорои тамғаи «AKAI» ва «ISUZI» мебошанд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии мамлакат 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла 25 лоиҳаи грантӣ, 13 лоиҳаи қарзӣ ва 32 лоиҳа дар маблағгузории қарзу грант ба маблағи беш аз 29 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






