Фестивали байналмилалии «ТЭФИ-Иттиҳод — 2018» имсол дар Тошканд баргузор мешавад

Август 2, 2018 13:20

ДУШАНБЕ, 02.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 4-7 октябри соли равон Фестивали телевизионии байналмилалии «ТЭФИ-Иттиҳод — 2018» бори нахуст дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар ин бора мухбири махсуси АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА аз пойтахти давлати ҳамсоя хабар медиҳад.

Фестивали байналмилалии телевизионии «ТЭФИ-Иттиҳод» соли 2011 таъсис ёфта, аз оғози таъсисёбӣ аз ҷониби Фонди ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои ИДМ ва Агентии федеролии табъу нашр ва ВАО-и Россия ҳавасманд гардонида мешавад.

Фестивали мазкур ҳамасола дар яке аз кишварҳои аъзои ИДМ гузаронида шуда, ҳадафи он ташаккули фазои ягонаи иттилоотии мамлакатҳои Иттиҳод мебошад. Мавзӯи Фестивал гуногун аст. Дар доираи «ТЭФИ-Иттиҳод» Шӯрои коршиносон ташкил гардида, бо иштироки мутахассисони ботаҷриба мастер-классҳо баргузор мегарданд. Инчунин мушкилоти имрӯзаи телевизиони муосир ва корҳои эҷодӣ баррасӣ ва суҳбатҳо гузаронида мешаванд. Дар фарҷоми Фестивал ғолибон бо мукофотҳои махсус сарфароз мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки панҷумин Фестивали байналмилалии «ТЭФИ-Иттиҳод» 16-19 сентябри соли 2015 бори нахуст дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.

Он гоҳ корҳои эҷодии ба Фестивал пешниҳодшударо Шӯрои машваратӣ иборат аз аъзои Академияи телевизиони Россия – Оксана Барковская, Продюсери генералии ширкати телевизионии «Формат ТВ», Татяна Веденеева, ровии телевизион, ҳунарпеша, журналист, Борис Грачевский – роҳбари бадеии киножурнали кӯдакона «Ералаш», Михаил Довченко – коргардон, ровии барномаи «Искатели»-и ТВ «Россия», Александр Олейников, продюсер, Яна Попловская, ровии телевизион, муовини роҳбари бадеии Маркази театрии «Вишневый сад»-и Москва ва дигарҳо баҳогузорӣ карда буданд.

Ҷоизадорони «ТЭФИ-Иттиҳод — 2015» инҳо эълон гардида буданд:

  1. «Легенда джаза. Вагиф Мустафа-заде» (ҶСП «Азербайджанское телерадиовещание»).
  2. «Мултикник» (ҶСП «Мултимедиа Кентрон ТВ», Арманистон).
  3. «Научное шоу профессора Открывашкина» (Ширкати телевизионии миллии давлатии Ҷумҳурии Беларус).
  4. «Разнообразная Грузия» (Ширкати телевизионии «Маэстро»).
  5. «Богатыри» (ҶС «РТРК«Казахстан», Қазоқистон).
  6. «Пять +» («Независимое Бишкекское Телевидение», Қирғизистон).
  7. «Читаем вместе» («Латвийское телевидение», Латвия).
  8. «КТВ — Кино- и телекухня» («Studija JU», Литва).
  9. «В ритме танца» (Ширкати ҷамъиятии «Телерадио-Молдова», Молдова).
  10. «Спокойной ночи, малыши!» (Ширкати телевизионии «Класс!», Россия).
  11. «Делай с нами, делай сам» (Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон», Тоҷикистон).
  12. «Гунҷишкаки сафед» /«Белый воробушек»/ (Киностудияи филмҳои бадеӣ ва мустанад «Тоҷикфилм, Тоҷикистон).
  13. «Возвращение шедевра» (Маркази продюсерии Шаҳноза Ғаниева, Ӯзбекистон).
  14. «Art-time» (Ширкати телевизионии «МТВ-ПЛЮС», Украина).

Дар Фестивали «ТЭФИ – Иттиҳод 2017», ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, филми мустанади «Ба Ватан хизмат мекунам!» /«Служу Отечеству»/ — и шабакаи давлатии «Тоҷикистон» сазовори эътирофи олӣ гардида буд.

Айни ҳол дар Тошканд Фонди «Академияи телевизиони Россия» якҷоя бо шарикон аз Ӯзбекистон корҳои омодагӣ ба Фестивалро оғоз намуд. Муҳлати пешниҳоди корҳои эҷодӣ ба «ТЭФИ-Иттиҳод — 2018» ба анҷом расид.

Мавзӯи имсолаи Фестивал — «Симои Ватан»: вақт, макон ва тақдир» хоҳад буд.

Август 2, 2018 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад