ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ! Хуршед Бозоров ба сайёҳони маҷрӯҳ кумак намуд
ДУШАНБЕ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 29 июли соли равон дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара манзараи мудҳише ба чашм мерасид. Сайёҳони хориҷии маҷрӯҳу кушташударо гурӯҳи зиёди одамон иҳота карда буданд.
Дар пайи ин ҳодисаи хунин одамони зиёде ҷамъ шуда, яке тариқи телефон ба навор мегирифт, дигаре ин тарафу он тараф ба ҷустуҷӯи мошин мешитофт. Дар ин вақт Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Хуршед Бозоров, ки аз ҷониби Данғара меомад, сайёҳони маҷрӯҳро ба мошинаш савор карда, ба бемористон интиқол дод.
Ин ҳангомаро як истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии «фейсбук» Зулфия Раҳматова дар саҳифаи худ интишор кардааст. Дар навиштори ёддоштии худ овардааст, ки тасодуфан шоҳиди ин ҳодиса гардидааст.
Зулфия дар саҳифаи худ аз корнамоию шуҷоатмандии Хуршед Бозоров ситоиш карда, ӯро «инсоне бо қалби бузург» ном бурдааст.
Зулфия гуфтааст, ки бо чанде аз дӯстонаш ҳамон рӯз аз назди хонаводаи Ҳувайдо (духтарче, ки аз дасти чун қотилони наҳзатӣ ваҳшии одамсурате дар Россия ҳалок гардид. –АМИТ «Ховар») аз Кӯлоб бармегаштанд ва ҳангоми гузаштан аз шоҳроҳи Данғара ба ҳодисаи мудҳиш рӯ ба рӯ шуданд.
Дар ин манзараи фоҷеабор, ки атроф пур аз хун буд, мардумро тарсу ҳаррос фаро гирифта буд. Одамон аз тарсу ларз ин тарафу он тараф медавиданд. Яке бо телефон навор мегирифту дигаре барои дарёфти мошин мешитофт, то ҷароҳатбардоштагонро ба беморхона баранд.
Зулфия мегӯяд бо наздик шудан ба ҷои ҳодиса зани солхӯрдаи сайёҳро дидам, ки аз тахтапушташ ҷароҳат бардошта буд. Дар бари вай ҷасади ҳамсараш мехобид.
«Мо хеле кӯшишу талош кардем, то муайян кунем, ки зан аз куҷост, то аз ҳодиса хабар диҳем, аммо зан аз ҳаяҷону шояд дард, моро намефаҳмид»,- нақл кардааст Зулфия Раҳматова.
Ба зикри номбурда, ӯ бо ҳамроҳонаш дар назди зан нишаста, кӯшиш карданд, ки ба вай кумак расонанд- ӯро аз замин бардоранд, аммо зан дасти шавҳари марҳумашро раҳо накардааст.
Номбурда навиштааст, ки дар ҳамин ҳол аз тарафи ноҳияи Данғара мошине омада, дар ҷойи ҳодиса боз истод ва аз дохили он марде берун шуда, бе ягон сухани зиёдатӣ ҷароҳатбардоштагонро ба мошин савор карда, роҳи бемористони Данғараро пеш гирифт.
Ин марди накӯкор Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Хуршед Бозоров будааст, ки тасодуфан аз ин роҳ мегузаштааст.
«Ба чунин нафарон, ки қалби бузург доранд, эҳтироми зиёд дорам. Одамонеро, ки дар мотами дигарон бетараф нестанд, беҳтарин инсон медонам. Нафароне, ки дар лаҳзаҳои мушкил ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз мекунанд, шахсони раҳмдилу хайрхоҳанд. Ман намедонам, ки Хуршед Бозоров навиштаи манро мехонад ё не, аммо ман барои иҷрои қарзи инсонӣ ва қаҳрамониашон ташаккур гуфтан мехоҳам»,- баён доштааст Зулфия Раҳматова.
«Ташаккур, ки ба ҷароҳатбардоштагон кумаки худро дареғ надоштед. Бигзор чунин нафарон мисли шумо, ки дар чунин ҳолати вазнин ҷавонмардӣ ва қарзи шаҳрвандӣ нишон додед, бештар шаванд»,-нигоштааст Зулфия Раҳматова.
Зарангези ЛАТИФ
АМИТ «Ховар»








Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






