Гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо аҳолии шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 08.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва равияҳои номатлуби замони муосир ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо иштирок доштанд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад зиёда аз ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногуни минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.
Нотиқон зимни ибрози андеша дар мавзӯи мавриди назар, аз ҷумла, зикр карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша терроризму экстремизмро қотеона маҳкум намуда, барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Зикр шуд, ки дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушорикати Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ намуд, қадами устуворе дар роҳи пешгирии ин амали номатлуб мебошад.
«Натиҷаи ибтикороти байналмилалии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки пойтахти кишвари мо тайи солҳои охир тадриҷан ба яке аз майдонҳои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва радикализм дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Коршиносони соҳа ибтикороти Тоҷикистонро дар самти пешгириву мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини суботу амният дар минтақа баланд арзёбӣ мекунанд»,- таъкид гардид ҷамъомад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишваре мебошад, ки Стратегияи миллии мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи амал барои татбиқи онро қабул кардааст. Ин далел бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки мушкилоти мубориза бо ин омилҳои манфӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон то чӣ андоза ҷиддӣ аст.
Бояд тазаккур дод, ки нахустин кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм ва амалҳои ифротиву ғаразноки ҷонибҳои манфиатхоҳ ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ оғоз гардида, то ҳол дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсатмадори ҷавону дурандеш Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати санҷидаву бобарори он тавонист, сарфи назар аз хатар ва таҳдидҳои мавҷуда, суботу амниятро дар мамлакат таъмин намояд ва зуҳуроти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ташкилотҳои террористиро дар кишвар решакан намояд.
Ҳодисаи кушта шудани сайёҳон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ки 29 июл дар ин минтақа содир карда шуд, бори дигар собит намуд, ки Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ)* то ҳол аз ғаразҳои нопоки худ ба монанди одамкушӣ ва содир намудани амалҳои террористӣ даст накашидааст.
Моро месазад, ки зери сиёсати хирадмандонаву оқилона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона кору фаъолиятро идома дода, бар зидди терроризма экстремизм қадамҳои устувор гузорем.
______________________________
* Мамнӯъ дар Тоҷикистон








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






