«Хадамоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ» аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 17.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Хадамоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ» — таҳти чунин унвон дар нашриёти «ЭР—граф»–и шаҳри Душанбе китоби дарсӣ ба нашр расид, ки он барои донишҷӯён, магистрон, унвонҷӯён, аспирантон, омӯзгорон ва гурӯҳи васеи хонандагон, ки ба омӯзиш ва таҳқиқи дипломатия, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ машғуланд, ҷолиби диққат мебошад.
Муаллифони ин китоб доктори илмҳои сиёсӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раймалӣ Нуриддинов ва муҳаққиқи ҷавон, номзади илмҳои сиёсӣ, муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Парвин Нуриддинов мебошанд.
Дар китоб ҷанбаҳои асосии хадамоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ бо дарназардошти дигаргуниҳои бунёдии ибтидои асри ХХI инъикос ёфтаанд. Бо истифода аз сарчашмаҳо ва адабиёти зарурии дастрас ба забонҳои русӣ, англисӣ, тоҷикӣ ва форсӣ муаллифону мураттибон кӯшиш намудаанд, ки нозукиҳои санъат, усулҳо ва роҳҳои гуногуни хадамоти дипломатии муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷиро инъикос намоянд. Ҳангоми таълифи китоб муаллифон аз таҷриба ва дониши дипломатҳои давлат ва корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ истифода бурдаанд.
Китоби дарсии мазкур бо забони соддаю оммафаҳм ва дар ҳаҷми 384 саҳифа таълиф гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






