ХАДАМОТИ ГУМРУК: Дар шаш моҳи соли равон 2261 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардид

Август 2, 2018 11:04

 ДУШАНБЕ, 2.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Дар  шашмоҳаи аввали соли 2018 аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 2261 ҳолати қонуншиканиҳо  ошкор гардидааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода  баён дошт.

Аз ин  миқдор  45 ҳолат ҷиноят буда,  23 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 3 ҳолат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 19 ҳолат ба дигар ҷиноятҳои соҳаи фаъолияти гумрук марбут мебошанд. Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдо рейдҳои алоҳида ва муштарак гузаронида шуд. Дар натиҷаи ин санҷишҳо  воридоти ғайриқонунии маводи сӯзишворӣ, ангишт, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти қаннодӣ, лампаҳои тафсон, мева, чойи хушк, доруворӣ, хӯроки парранда, ҳасиб, гӯшти қиммакардашуда, тухми мурғ ва ғайраҳо ошкор шуданд».

Хуршед Каримзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар натиҷаи баррасии 2216 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 1835 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда,  1256 адад парвандаҳо тибқи тобеият барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардиданд. Дар натиҷа, ба маблағи 4  миллиону  456 ҳазору  522 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва ба маблағи 3 миллиону  697 ҳазору  155 сомонӣ ҷарима ба буҷаи давлат  ворид  гардид.

Сардори Хадамоти гумрук  иброз дошт, ки дар нимсолаи соли  равон маблағи ҷамъоваринамудаи пардохтҳои гумрукӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 364,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

«Сабаби асосии афзоиши арзиши моли воридотӣ ва дар ин замина барзиёд таъмин гардидани нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ, ин пеш аз ҳама, такмил додани низоми маъмурикунонии барасмиятдарории гумрукӣ, татбиқи дурусти қонунгузории амалкунанда дар самти муайян намудани арзиши гумрукии моли воридотӣ, таъмини сифатнокии барасмиятдарории гумрукии молҳои ниёзи мардум, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва пешгирии воридоти ғайриқонунии молу мавод ба ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад», — афзуд Х.Каримзода.

Август 2, 2018 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад