Имрӯз дар «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» мулоқоти намояндагони ВАО Тоҷикистон бо рӯзноманигорони ӯзбек баргузор мегардад

Август 9, 2018 08:41

ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шоми дирӯз гурӯҳи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Душанбе  ташриф оварданд. Онҳоро дар даромадгоҳи шимолии пойтахт муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода ва ҳамкасбони тоҷикистонӣ зери садои карнаю сурнай истиқбол гирифтанд. Гурӯҳи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи сафари худ аз  ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ Тоҷикистон дидан намуда, як қатор вохӯриҳову суҳбатҳо доир менамоянд.  Аз ҷумла  имрӯз, 9 август дар толори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» мулоқоти намояндагони  воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо  рӯзноманигорони ӯзбек  баргузор мегардад.

Директори Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт,  ки «нахуст ҳампешагони мо бо фаъолияти ТВ «Варзиш» ошно гардида, сипас  оид ба таассуроти сафари худ бо ҳамқаламони тоҷикистонӣ табодули назар мекунанд».

Хотиррасон менамоем, ки  сафари гурӯҳи намояндагони ВАО-и Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз 1 то 4 августи соли равон як ҳайати беш аз панҷоҳ нафараи аҳли илму адаб ва фарҳанги Тоҷикистон аз шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд боздид намуда, бо аҳли зиёи Ӯзбекистон дидору мулоқот анҷом доданд.

Ҳадафи сафар омодасозии мавод ва наворҳо барои воситаҳои ахбори оммаи /ВАО/  Ӯзбекистон  дар арафаи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, тарғиботи анъанаҳои дӯстии миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, шиносоӣ бо шароити зисти мардуми ӯзбектабор дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Август 9, 2018 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад