Имрӯз Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ оғоз гардид

Август 29, 2018 10:50

ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Тоҷикистон ва роҳи Абрешим: таърих ва замони муосир» оғоз гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН, ки иштирокчии Фестивали мазкур мебошад, иттилоъ медиҳад.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкилкунандагони асосии Фестивал ба шумор рафта, дар он зиёда аз 100 нафар ҷавонон аз кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ иштирок доранд.

Субҳи барвақт иштирокчиёни Фестивал дар пояи  муҷассамаи Асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, аз Китобхонаи миллӣ, боғи устод Рӯдакӣ ва Осорхонаи миллӣ боздид ба амал оварда, сипас ба вилояти Суғд сафар намуданд.

Тибқи барнома, иштирокчиёни Фестивал аз ноҳияи Айнӣ, шаҳрҳои  Истаравшан ва Гулистони вилояти Суғд боздид менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ  таҳти унвони «Тоҷикистон ва роҳи Абрешим: таърих ва замони муосир»  ташкили намоишгоҳи инноватсионӣ, намоиши рӯнамоиҳои ҷавонон аз давлатҳои ИДМ  ва СҲШ , ташкили озмун — намоишгоҳ  дар мавзӯи «Чашмаҳо набзи ҳаёт» (Родники — пульс жизни)  дар нақша гирифта шудааст.

Фестивал то 1 сентябр идома меёбад.

Август 29, 2018 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст