Имрӯз-Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни савдои ғуломон

Август 23, 2018 10:31

ДУШАНБЕ, 23.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 23 август дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии  ёдбуди  қурбониёни савдои ғуломон ва барҳам додани он  таҷлил карда мешавад. Падидаи ғуломӣ таърихи тӯлонӣ дошта, ибтидои онро ба пайдоиши нахустин давлатҳо мувофиқ медонанд. Ин зуҳурот дар тамоми давраҳои инкишофи инсоният ва дар аксари манотиқи олам арзи ҳастӣ  намудааст. Тадбирҳои нахустинт ҷиҳати  рафъи ғуломдорӣ ҳанӯз дар асрҳои миёна сурат гирифта буданд.

Бояд зикр намуд, ки айни ҳол ба сифати яке аз шаклҳои ғуломӣ меҳнати иҷборӣ эътироф шудааст, ки дар бештари ҳолатҳо дар натиҷаи савдои одамон ба амал меояд. Ин мушкилӣ яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба шумор рафта, ҳамарӯза дар гӯшаву канори олам, алалхусус давлатҳои ҷангзада ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон дучори ин ҷинояти вазнин   мегарданд.

Ба гуфтаи сардори Маркази мубориза зидди савдои одамони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Шарипов, бо бештар гаштани меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва усулҳои замонавие, ки аз арзишҳои инсонӣ ҳимоят мекунад, мушоҳида мешавад, ки ҷинояткорӣ низ бо усулҳои нав амалӣ гашта, ҳатто дар пешрафтатарин мамлакатҳои ҷаҳон низ ҳуқуқи инсонро доғдор кардаву зери суол бурдааст.

«Хушбахтона, дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари демокративу дунявӣ дар радифи кишварҳои муттараққии дунё ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус ва аҳамияти ҳамаҷониба зоҳир намуда,  зимни  ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар намегузорад, ки  гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва шахсони алоҳида ҳадафҳои нопоки худро дар ин самт амалӣ намоянд.

Бо ин мақсад бо дастгирӣ ва роҳнамоии Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», ҳамзамон соли 2016 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» қабул гардид, ки ин иқдоми хайрхоҳона ва башардӯстона аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қонунгузории мамлакат нисбат ба сокинони ҷумҳурӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекунанд ва қарор доранд, шаҳодат медиҳад»,-зикр намуд ӯ.

Тибқи маълумоти маркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар 6 моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 41 ҷинояти мансуб ба савдои одамон ба қайд гирифта шудаанд ва  баҳри пешгирии ин ҷиноят пайваста аз ҷониби Вазорат чораҳои пешгирикунанда андешида мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, аз тарафи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  3 моҳи соли равон бо мусоидати Маркази кумак ва дастгирии қурбониёни  савдои  одамони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  4 нафар қурбониён аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба ватан баргардонида шуданд.

Ба гуфтаи коршиносон, яке аз роҳҳое, ки нафарони ба фурӯши инсон дастдошта ба кор мебаранд, ин нахуст ба асорати қарзӣ гирифтор намудани «тӯъмаи» интихобнамудаашон аст. Аз ҷумла, дар натиҷаи амалӣ кардани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби мақомот шаҳрванд Ш. Абдуллоева, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дастгир карда шуд.

Номбурда аз соли 2012 инҷониб бо савдои одамон машғул буда, бо роҳи фиреб бо баҳонаи таъмини кор дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб духтарони маҳаллиро ҷалб намуда, барои тайёр намудани шиноснома, раводид ва роҳкиро маблағҳои пулӣ медод. Минбаъд онҳоро ба асорати қарзӣ гирифтор карда, барои анҷом додани гуфтаҳояш ҷабрдидагонро маҷбур месохт ва  аз ин ҳисоб фоидаи калони пулӣ ба даст меовард. Дар натиҷа нисбат ба Ш. Абдуллоева оид ба се ҳолати ҷиноят аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки дар Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаи пешгирии ғуломӣ ва меҳнати иҷборӣ аҳамияти хосса дода шудааст. Аз ҷумла, манъи меҳнати маҷбурӣ талаботи конститутсионӣ буда, моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он нигаронида шудааст.

Қисми якуми моддаи 8 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин  меъёрро айнан такрор менамояд. Ҳамзамон Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғуломӣ ва ғуломфурӯширо манъ намуда, онро бо ибораи хариду фурӯши одамон  ифода ва маҳкум намудааст. Ва баҳри роҳ надодан ба он ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид  ва таркиби нави ҷиноятҳо дар моддаи 130, эзоҳи 1- хариду фурӯши одамон ва моддаи 130, эзоҳи 2- истифодаи меҳнати ғуломона илова  карда шуданд.

Умуман боби 17-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикстон, ки ба «Ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият» бахшида шудааст ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс ҳамаи унсурҳои ғуломиро фаро гирифта, онро бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ менамояд.

Тоҷикистон ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак тадбирҳои амалӣ меандешад

Бояд зикр намуд, ки дар замони муосир ба меҳнати иҷборӣ на танҳо шахсони синну солашон аз 20-сола боло, балки кӯдакону наврасон низ   ҷалб карда мешаванд. Ба гуфтаи коршиносон, ин раванд дар бештари ҳолатҳо аз ноогаҳӣ ва хунукназарии волидон нисбат ба  фарзандони ноболиғашон  сар мезанад. Зеро  дар ҳоле ки наврасон бояд ба таҳсил ҷалб карда шаванд, мутаассифона, аз хондану илм омӯхтан дур монда, ба шаклҳои бадтарини меҳнат фаро гирифта мешаванд.

Вобаста ба рафъи ин омил Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонида, тибқи онҳо ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак, конвенсияҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат «Оид ба ҳадди ақалли синну сол барои ба кор қабул кардан», «Дар бораи меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ», «Оид ба манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак» ва тавсияномаи Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират «Оид ба манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиғон» сарчашма мегирад.

Дар ин радиф бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Рӯйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ  бардоштан ва кашонидани борҳо»,  «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» тасдиқ гардидаанд.

Санадҳои мазкур ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда,  ба манфиати наврасону ҷавонон равона  шудаанд ва барои амалишавии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва роҳ надодан ба ҷалби онҳо ба шаклҳои бадтарини меҳнат, таъмини бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории насли наврас дар ҷараёни ҳаёт ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Яке аз санадҳои байналмилалии ҳатмии ҳуқуқии дигар, ки хусусияти қатъӣ дорад, ин Протоколи соли 2014 ба Конвенсияи соли 1930 оид ба меҳнати маҷбурӣ ба шумор меравад. Конвенсияи  мазкур  дар мубориза бо ҳама гуна шаклҳои меҳнати маҷбурӣ нақши ҳаётан муҳим бозид.  Мавриди зикр аст, ки  тӯли даҳсолаҳои охир мазмун ва шаклҳои меҳнати маҷбурӣ дигаргун шудаанд. Аз ҷумла, савдои одамон бо мақсади меҳнати маҷбурӣ ва истисмори шаҳвонӣ — мавзӯи изтироби рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ  гаштааст, ки ҳалли саривақтии худро мехоҳад.

Лозим ба зикр аст, ки кӯдак ҳуқуқи озод будан аз тамоми намуди меҳнат ва ҳамаи кормандон ҳуқуқ ба меҳнати арзанда, безарар ва солимро доранд. Шумораи кормандони ҷавон (аз 15-сола то 24-сола) дар саросари ҷаҳон 541 миллион нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳо, дар ҷаҳон 152 млн. кӯдакони  аз 5 то 17-сола меҳнат мекунанд ва 73 миллиони онҳо   ба кори ба ҳаёт     хатарнок машғуланд, ки боиси нигаронӣ ва ташвиши тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Болоравии иқтисодиёти  мамлакат, баландшавии сатҳи некуаҳволии мардум ва пайгирии ӯҳдадориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки дар барҳам додани меҳнати кӯдак, ҳифзи меҳнати коргарҷавонон, ташкили ҷойҳои кории арзанда барои насли наврас мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба пешравиҳо ноил  гардем.

Бояд гуфт, ки масъалаи марбут ба савдои одамон ва ҷалби наврасону ҷавонон ба меҳнати иҷборӣ дар шароити кунунӣ ҳамчун зуҳуроти манфӣ шинохта шуда, он метавонад ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи инсонӣ зарари ҷуброннопазир расонад. Ба ин хотир баҳри пешгирӣ ва бартарафсозии он ҷомеаи ҷаҳониро мебояд дар ҳамбастагӣ ва муттаҳидӣ амал намоянд, то ин кирдори ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ миёни ҷомеа решакан карда шавад.

                                                                                          Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ «Ховар»

Август 23, 2018 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд