Иртиботи неку қарини халқҳои тоҷику ӯзбек решаҳои қавии таърихӣ дорад
ДУШАНБЕ, 03.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 август раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов мулоқот анҷом дод.
Тавре котиби Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Файзулло Тиллоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин мулоқот ҳамчунин муовини раиси Раёсат Мушаррафа Шарипова, раисони ҷамъиятҳои дӯстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» Ҳабибулло Раҷабов, «Тоҷикистон – Куба» Ҷӯра Латипов, «Тоҷикистон – мамлакатҳои Араб» Тоҷиддин Мардонӣ, «Тоҷикистон – Қирғизистон» Мирзо Шукурзода иштирок карданд.
Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев доир ба фаъолияти ташкилот маълумоти муфассал дод. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки Ҷамъияти дӯстии мазкур соли 1958 таъсис ёфта, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Оинномаи ҷамъият ҳамчун тарғибкунандаи сиёсати хориҷию дохилии давлат дар масъалаҳои муносибати байналмилалӣ, дӯстии халқҳо ва равобити фарҳангии байни онҳо тадбирҳои зиёдро амалӣ мегардонд.
Доираи фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ сол то сол густариш меёбад. Агар соли 2002 дар таркиби ҷамъият 13 ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ созмон дода шуда бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 23 адад расидааст.

Сафир иттилоъ ёфт, ки Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бо ассотсиатсия ва марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон аз ҷумла, марказҳои фарҳангии ӯзбекзабонони вилояти Суғд, «Маънавиёт» ва «Қадрият» иртиботи қавӣ ва ҳамкории босамар дорад.
Робитаҳои дӯстӣ миёни тоҷикону ӯзбекон таърихи қадим ва бою рангин дорад. Дар мулоқот М. Шарипова, Т. Мардонӣ, Ҷ. Латипов, Ҳ. Раҷабов ва М. Шукурзода бо овардани мисолҳои ҷолиб ин иддаоро тақвият доданд, бо зикри байтҳои Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ суҳбатро рангин карданд.
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон судманд дониста шуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин музокироти дуҷонибаро ҳамчун оғози марҳилаи нав дар муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов зикр намуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз моҳи октябри соли 1992 барқарор шуда бошад ҳам, иртиботи неку қарини халқҳои ҳарду давлат решаҳои қавии таърихӣ, равобити неки хешутаборӣ, урфу одати муштарак доранд.
Дар марҳилаи кунунӣ бо ҷаҳду иқдоми неки роҳбарони ҳарду кишвари бо ҳам дӯст шароит фароҳам омадааст, ки ҳамкорӣ дар тамоми самту соҳаҳо густариш ёбанд.
Дар ин амали нек созмонҳои ҷамъиятӣ низ метавонанд саҳми арзанда дошта бошанд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






