КИШТИ КАРТОШКА ДАР БАЛАНДИИ 3730 МЕТР АЗ САТҲИ БАҲР! Ин воқеият аст ё орзуи олимони Пажӯҳишгоҳи биологии “Помир”?

Август 16, 2018 11:41

ХОРУҒ, 16.08.2018. (АМИТ «Ховар»/. Олимони Институти билогии «Помир» бори аввал дар деҳаи баландкӯҳи Булункӯли ноҳияи Мурғоб 5 навъи картошка ва чанд намуди ҷавро кишт карданд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Файз МИРАСАН  гузориш медиҳад.

  Деҳаи Булункӯл  садҳо гектар замини тахту ҳамвор дорад, аммо ба сабаби аз сатҳи баҳр  баланд будан ва иқлими сард доштан сокинони маҳалӣ аз  кишти зироату сабзавот ва шинондани дарахтон худдорӣ мекунанд.

Директори Институти биологии «Помир», доктори илмҳои биологӣ Довутшо Наврӯзшоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки «олимони мо баҳори соли равон бори аввал дар ним гектар замин 5 намуди картошкаро ба таври таҷрибавӣ кишт карданд. Нашъу намои як намуди картошка бо номи «Пикасо» хеле хуб аст ва пас аз як моҳ умедворем, ки ҳосили дилхоҳро ба даст меоварем. Ҳосили ин навъи картошкаро барои кишти соли оянда захира мекунем. Пас аз ду ё се сол тухмии навъи «Пикасо» ба иқлими деҳаи Булункӯл комилан мутобиқ хоҳад шуд».

Ба нақли номбурда, сокинони ин деҳа аслан ба соҳаи чорвопарварӣ машғуланд, аммо ба иллати танқисии хӯроки чорво  имкон надоранд, ки ин соҳаро рушд диҳанд. Ба ин мақсад дар як қитъаи дигари таҷрибавӣ олимон чанд навъи ҷав ба монанди «Вахш 128» , «Вахш 116»- ро кишт карданд. Агар олимон дар таҷрибаи худ муваффақ шаванд, дар ояндаи наздик садҳо гектар замини ин деҳа ба киштзорон табдил хоҳад гашт.

Водии Булункӯл яке аз минтақаҳои сардтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба гуфтаи сардори Маркази обу ҳавошиносии водии Булункӯл Шароф Шарофов, дар давоми  фаъолияти кориаш солҳоеро дар хотир дорад, ки сардии ҳаво то ба 65 дараҷаи селсий мерасид. Сокинони маҳалӣ, ки теъдодашон 200 нафар аст, бо ҳавои сарди ин ҷо, ки ҳамасола аз 35 дараҷа убур мекунад, одат кардаанд.

Ба неруи барқ танҳо соли 2010, пас аз сафари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мурғоб дастрасӣ пайдо карданд. Дар ҳамин сол ҳамаи 32 хонаводаи деҳаи Булункӯл бо батарейкаҳои офтобӣ таъмин гардиданд. Акнун на танҳо хонаашон равшан шуд, балки аз  тамошои шабакаҳои телевизионии кишвар низ бархӯрдор гардиданд.

Август 16, 2018 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд