Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти гумрук, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Донишкадаи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Август 1, 2018 10:11

ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 2 августи соли ҷорӣ Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти гумрук, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Донишкадаи идоракунии давлатӣ оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оила соати 9 дар толори ММҶ «Ховар» баргузор мешавад.

Роҳбарияти Хадамоти гумрук соати 9 дар маҷлисгоҳи Хадамоти мазкур бо намояндагони ВАО мулоқот мекунанд.

Нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатӣ соати 11 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.

Ҳайати ректорат ва устодони Донишкадаи идоракунии давлатӣ соати 14 дар толори ММҶ «Ховар» бо намояндагони ВАО мулоқот мекунанд.

Нишасти матбуотии ШСХК «Барқи Тоҷик» соати 15 дар маҷлисгоҳи ШСХК «Барқи Тоҷик» баргузор мешавад.

Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи якуми соли ҷорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор мекунанд ва ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 888-08-34-33, 221-30-15).

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Август 1, 2018 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад