Куруш Пуркиён, консули фахрии Тоҷикистон дар Германия: «Ифтихормандам, ки дар муаррифии таъриху фарҳанг ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон саҳм мегузорам…»

Август 8, 2018 19:07

ДУШАНБЕ, 08.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Консули фахрии Тоҷикистон дар заминҳои Гамбург ва Шлезвиг-Голштейни Ҷумҳурии Федеративии Германия (ҶФГ)  Куруш Пуркиён баъди натиҷагирӣ аз фаъолияташ дар соли 2017 «Консули сол»-и Германия эълон гардид. Ба ин муносибат ӯро дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶФГ гарму самимона қабул ва муборакбод намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶФГ Маликшо Неъматов ба Куруш Пуркиён барои хизматҳои неку наҷибаш ҷиҳати  муаррифии  дастоварҳои Тоҷикистон ба доираҳои гуногуни Германия ва сойири кишварҳои Аврупо миннатдорӣ баён намуд.

«Тоҷикон аз қадимулайём мардуми меҳмоннавозанд ва ифтихормандам, ки дар муаррифии таъриху фарҳанг ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба доираҳои гуногуни кишвари Германия саҳм мегузорам», — иброз намуд Куруш Пуркиён зимни изҳори сипос аз қадрдонии Сафорати Тоҷикистон.

Куруш Пуркиён аз ҷониби Шӯрои машваратии маҷаллаи Германия «Diplomatisches Magazin», ки ҳамасола фаъолияти дипломатҳои хориҷиро дар ин кишвар арзёбӣ мекунад, баъди натиҷагирӣ аз кори яксолаи 300 нафар намояндагони фаъоли дораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ Куруш Пуркиёно «Консули сол» эълом дошт. Ӯ барои хидматҳои густурдааш дар роҳи муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва роҳандозии тадбирҳои фарҳангӣ ҷиҳати таҷлили идҳои давлатӣ ва санаҳои муҳими Тоҷикистон ба чунин унвон шарафёб гардид. Сармуҳаррири маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» Ирене Эрнст дар вазъияти ботантана ба Куруш Пуркиён дипломи «Консули сол»-ро эҳдо намуд.

Хотиррасон менамоем, ки Куруш Пуркиён эронитабор ва шаҳрвандии Ҷумҳурии Федеративии Германия мебошад ва соли 2013 Консули ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминҳои Гамбург ва Шлезвиг-Голштейни ин кишвар таъйин шудааст.

Август 8, 2018 19:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад