Макони суқути чархбол дақиқ ва бо кӯҳнавардон алоқа барқарор гардид

Август 13, 2018 11:56

ДУШАНБЕ, 13.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Айни ҳол макони суқути чархбол муайян гардида, бо кӯҳнавардон алоқа барқарор карда шудааст. Ҳоло макони дақиқи рух додани садама мушаххас карда мешавад. Дар наздиктарин фурсат аз фурудгоҳи Лахш ба ҷойи ҳодиса чархболҳо парвоз мекунанд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки 12 август, тақрибан соати 16:30 дар қисми шарқии Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Лахш чархболи МИ-8 бо 13 нафар кӯҳнавард ва се сарнишин ҳангоми бозгашт аз қуллаи Исмоили Сомонӣ дар поёноби пиряхи Фортамбек, ҳудуди ноҳияи Лахш ба садама дучор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, барои мушаххас намудани сабабҳои сар задани ҳодисаи мазкур аз ҳисоби роҳбарони КДАМ, ВКД, КҲФ, Вазорати мудофиа ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ комиссияи ҳукуматӣ ташкил шуда, ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардидаанд. Инчунин, субҳи имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макони садама ду чархбол бо наҷотдиҳандагону табибон фиристод. Қуллаи Исмоили Сомонӣ баландтарин нуқта дар қаламрави собиқ Шӯравӣ мебошад, ки баландии он 7495 метр аст.

Раванди корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ зери назорати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

АМИТ «Ховар» ҳодисаи мазкурро пайгирӣ карда, баъдтар тафсилоти бештарро пешниҳод мекунад.

Август 13, 2018 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад